«ANTALYA GRAND SLAM-2024». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар байни 93 давлат дар ҷойи панҷум қарор дорад
ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мусобиқаи навбатии «Сайри ҷаҳонии ҷудо» – «Antalya Grand Slam-2024» дар Ҷумҳурии Туркия идома меёбад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар ин мусобиқа дар ҳайати 12 нафар иштирок дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи якуми мусобиқа аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар вазни то 66 кг Эмомалӣ Нуралӣ сазовори медали нуқра ва Обид Ҷебов соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Мавриди гуфтан аст, ки барои баромадан ба финал Эмомалӣ Нуралӣ бар Элиос Мантси аз Италия, Ҳаким Агамаммедов аз Туркманистон, Кубаничбек Айбек уулу аз Қирғизистон ва Муҳаммад Демирел аз Туркия пирӯз шуд. Дар финал Эмомалӣ Нуралӣ аз ҷудочии ҷопонӣ Хифуми Абэ мағлуб гардид.
Обид Ҷебов дар қуваозмоӣ барои мақоми сеюм Муҳаммад Демирелро аз Туркия мағлуб намуд.


Аз рӯйи натиҷаи рӯзи якуми мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо бо 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар байни 93 давлати ҷаҳон дар ҷойи панҷум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Аҳлия Муминова (-52 кг), Насиба Карликова (-52 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Ҳақдод Гулов (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг) дохил мебошанд.

Рӯзи якуми мусобиқа барои Аҳлия Муминова (-52 кг), Насиба Карликова (-52 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг) ва Ҳақдод Гулов (-60 кг) бе натиҷа анҷом ёфт.
Дар рӯзи дуюм Абубакр Шеров (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) рақобатро идома медиҳанд.
АКС: Федератсияи байналмилалии ҷудо/ТВ «Варзиш»








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






