Аввалин агрономзани Чоркӯҳ: «Маълумоти олӣ барои занон сипар дар ҳама пастиву баландиҳои зиндагӣ аст»
ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз занон-модарони тоҷик дар ҳама соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ дар радифи мардон фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми намоён мегузоранд. Раиси Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии Чоркӯҳи шаҳри Исфара Восилахон Ҷалолова яке аз онҳост, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар мухбири АМИТ «Ховар» бо ин деҳқонзани соҳибтаҷриба ҳамсуҳбат гардид.
Восилахон аввалин агрономзан дар Чоркӯҳ мебошад, ки пайваста баҳри пурнозу неъмат гардонидани дастархони мардум заҳмат мекашад. Ин зани меҳнатқарин сокини Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара буда, 42 соли умри пурбаракаташро ба соҳаи кишоварзӣ бахшидаву дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат заҳматҳои зиёд кашидааст. Заҳмату талошҳои пайвастааш буд, ки мавсуф соли 2012 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд. Ӯ аввалин зани агроном ва аввалин донишҷӯдухтар аз ҷамоати Чоркӯҳ мебошад, ки дар донишгоҳ таҳсил намуда, маълумоти олӣ гирифтааст.
«Солҳое, ки мо мактаб мехондем, барои духтарон идома додани таҳсил дар донишгоҳ кори чандон осон набуд. Зеро дар он давраҳо духтарҳоро хондан намемонданд ва монеаҳо зиёд буданд. Пас аз хатми мактаб хостам ба муассисаи олӣ равам, мутаассифона, падару модарам розӣ нашуданд, то ман таҳсилро идома диҳам. Ман руҳафтода нашуда, пас аз хатми мактаб чун колхозчидухтар ба кори саҳро баромада, 5 сол кор кардам, лек шавқи хондан ва соҳибкасб шудан рӯз то рӯз дар дилам зиёдтар мешуд. Пайваста фикр мекардам, ки чӣ роҳе бояд пайдо намоям, то ба мактаби олӣ равам», — бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо изҳор медорад ӯ.
Шарти падар барои таҳсил дар донишгоҳ
Восилахон Ҷалолова пас аз кӯшишҳои зиёд тавонист волидонро розӣ намояд. Аммо падар барои таҳсили духтар як шарт гузошт- он ҳам хонда, агроном шудан.
«Соли 1986 ман ба Институти хоҷагии қишлоқ, имрӯза Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳуҷҷатҳоямро супоридам. Ду имтиҳонро гузашта, аз сеюмаш афтидам. Он замон ба худ гуфтам, ки агар ҳозир ба деҳа баргардам, мардум чӣ мегӯянд? Акнун онҳо хоҳанд гуфт, ки он ҳама талошат чӣ шуд? Бо ин фикрҳо ман муддате дар шаҳр, дар хонаи хешовандон мондам. Моҳи феврал ба деҳа рафта, боз ба саҳро ба кор баромадаму пайваста дар фикри дубора имтиҳон супоридан будам. Сокинони деҳа вақте мепурсиданд, ки чӣ кор кардӣ, ман ноҳинҷор шуда, мегуфтам, ки ба шуъбаи ғоибона гузаштам (механдад)».
Восилахон Ҷалолова руҳафтода нашуда, соли 1987 бо омодагии хуб ҳуҷҷатҳояшро ба донишкада месупорад ва ин дафъа дохил мешавад. Ӯ соли 1992 донишкадаро сарбаландона хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба деҳа бармегардад. Дар вазифаҳои мудири боғчаи кӯдакона, сардори бригада, саркишоварзи хоҷагӣ кор карда, ҳоло 5 сол мешавад ки раиси Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии Чоркӯҳ аст.
Ҳамсуҳбати мо имрӯз дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара, ки яке аз калонтарин деҳа дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, тақрибан 43 ҳазор аҳолӣ дорад, соҳиби иззату эҳтироми хосса мебошад. Тавре ки баён медорад, ҳама дороӣ ва эҳтиром байни мардумро аз баракати замин ёфтааст, ризқи аз меҳнати ҳалол пайдонамудаи инсон ҳамеша ба хонадон фаровонӣ меорад.
«Агар инсон нисбат ба касбе шавқу рағбат дошта бошаду дар дил сидқан орзуяшро парварад, албатта ба мақсад мерасад. Дар зиндагӣ ба хулосае омадам, ки инсон набояд аз амалӣ кардани орзуву нақшаҳояш даст кашад ва руҳафтода шавад»,-иброз медорад ӯ.
Восилахон Ҷалолова ҳоло барои духтарону модарони ҷавон намунаи ибрати хубе гаштааст. Ӯ шуруъ аз соли 1994 ба ин сӯ мошин меронад. Ҳар гоҳе ки духтарон дар сари чанбараки мошин нишаста, ронандагии ӯро мебинанд, дар дил ҳаваси ба ин зан-модари заҳматкашу бориз ва меҳнатқарин монанд шуданро мепарваранд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳоло духтарони зиёде ба наздаш барои маслиҳат меоянду мехоҳанд, то мисли ӯ зани соҳибкасб, соҳибэҳтиром ва ҷасоратманд гарданд.
«Имрӯз ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки ман дар ҳаёт ба ҳама нияту орзуҳоям расидам. Акнун ман аз он изҳори таассуф менамоям, ки ҳоло ҳам бисёр духтароне ҳастанд, ки дониши хуб доранду ҳаваси хондан, лекин баъзе омилҳо садди роҳи хонданашон мегардад. Ман ҳаракат менамоям, ки ба онҳо кумак расонам, маслиҳат диҳам, то онҳо низ маълумотнок гардида, дар зиндагӣ роҳашонро ёбанд. Дар ҳаёт агар қалби поку нияти нек дошта бошед, ба ҳама орзуҳоятон расида метавонед»,-мегӯяд ин модари заҳматкаш.
Агрономӣ касби мардона аст?
Бино ба иттилои Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи иқтисодии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва махсусияти иқтисоди бозаргонӣ доираи фаъолияти занонро беш аз пеш зиёд намуда, аз шумораи умумии 340 ҳазору 115 соҳибкори инфиродии амалкунанда 79 ҳазору 985 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии 172 ҳазору 108 роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 38 ҳазору 927 нафарро занони роҳбар ташкил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ба таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии мамлакат бо маводи хӯрокворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Дар ин роҳ, албатта,ки саҳми занону духтарон басе назаррас аст. Ҳамсуҳбати мо пешаи агрономиро барои занон бисёр пурмашаққат ва заҳматталаб медонад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, агрономиро касби мардона гӯем ҳам мешавад. Чунки бо дамидани субҳ то ба шаб дар по мӯза ба саҳро мебароеду ба сардиву гармиҳо тоқат менамоед. «Барои аз замин рӯёнидани як ҳосил меҳнати зиёд сарф мешавад. Вақте ки нонро ба рӯйи дастархон мегузорем, бояд андешем, ки барои ба даст овардани он чӣ қадар заҳмату талош сарф мешавад. Вақте ҳаво 40 дараҷа гарм аст, кишоварзон дар саҳро новобаста ба гармии тоқатфарсо заҳмат мекашанд, то ризқу рӯзии мардумро муҳайё созанд. Пандемияи Ковид собит намуд, ки маҳз кишоварзон буданд, ки новобаста ба мушкилоти пешомада меҳнат намуданд, то мо аз озуқаворӣ танқисӣ накашем. Хушҳол шудам, вақте ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд ба мо, кишоварзон миннатдорӣ баён намуда, гуфтанд, ки деҳқонони тоҷик бо сарбаландӣ аз ин вазъият баромаданд»,-меафзояд ӯ.
Хоҷагие, ки дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи баланд дорад
Ҳоло ӯ соҳиби ду духтари нозанине мебошад, ки бо роҳнамоиву ҳидоятҳои модар соҳибмаълумот гардида, мавқеяшонро дар зиндагӣ пайдо намудаанд.
Ӯ ва ҳамсараш дар оила маслиҳатгару дастгири ҳамдигар ҳастанд. Тавре мегӯяд, «ҳамсарам маро хуб мефаҳмад. Ӯ дарк менамояд, ки ин кор масъулияти ман аст ва аз ман талоши бештар талаб мекунад. Баъзе корҳое ҳастанд, ки мо якҷоя маслиҳат менамоем. Якдигарфаҳмӣ дар байни мо ҳамеша пойдор аст».
Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии Чоркӯҳ, ки 700 гектар заминро дар бар мегирад, соли 2014 ба хоҷагиҳои тухмипарвар ҳамроҳ гардид. 285 гектар замини хоҷагӣ кушод буда, боқимонда боғи зардолу, себ ва олу мебошад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, самти кори хоҷагӣ асосан тумипарварӣ барои гандум мебошад. Ҳамасола хоҷагӣ қариб дар 100 гектар кишти гандум мегузаронад. Соли 2023 дар майдони 87 гектар гандум кишт карда, ба ҳисоби миёна 63-сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шуд, ки ин дар миқёси ҳам вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ нишондиҳандаи баландтарин мебошад. «Дар баъзе заминҳо мо то 80-90 сентнер ҳосил мегирем. Мо ҳар сол тухмиҳои навъи «элита» мекорем. Ду сол боз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии мамлакат ба мо тухмиҳои «элита» дастрас мешаванд, ки онро кишт намуда, аз он тухмӣ тайёр менамоем. Имсол мо дар 97 гектар гандуми тирамоҳӣ кишт намудем, ки ҳоло ҳолаташ хуб аст. Мо нақша дорем, ки ҳамаи корҳои агротехникии вобаста ба ин зироатро анҷом дода, аз он бештар аз 70-сентнерӣ ҳосил ба даст орем ва деҳқононро бо тухмии хушсифат таъмин намоем»,-изҳор медорад ин зан-модари пуркор.
Дар зиндагӣ бояд мубориза бурд
«Ман дар зиндагӣ як шиор доштам, ки «умед аз ҳама охир мемирад». Мудом ҳамсабақону дугонаҳоям ба ман мегуфтанд, ки ту ҳаргиз намехонӣ, падарат ба ин иҷозат намедиҳад, ту фақат орзу мекуниву он дар дилат мемонад. Вале ин тавр нашуд, он шуълаи умед ҳаргиз дар дилам хомӯш нашуд ва ман ба орзуям расидам»,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо бо ёдоварӣ аз рӯзҳои гузашта.
Восилахон ба духтарон маслиҳат медиҳад, ки одам дар зиндагӣ бояд мубориза барад, чун зиндагӣ ҳамеша ҷойи мубориза ва талош аст. Ӯ мегӯяд, ки занону духтароне, ки дар дил орзу доранд, бояд то ба охир мубориза баранд. Агар ин орзуҳо аз сидқи дил бошанд, ҳатман амалӣ мегарданд. «Дар зиндагӣ маълумотдор будани зан давлати калон аст. Дониш, малака, ҷаҳонбинӣ ба занон дар ҳаёт ҳамеша зарур аст. Ман баъзан мегӯям, ки духтарҳо ақаллан бояд ҳамшираи шафқат ё муаллим шаванд. Агар занону духтарон маълумот дошта бошанд, дар зиндагӣ роҳашонро бехато меёбанд ва дар оилаҳояшон зери таҳқиру маломат намемонанд. Дониш набошад, барои дифоят сипар надориву истодагарӣ карда наметавонӣ. Барои ин ба духтарони азиз муроҷиат намуда, гуфтаниям, ки хонед, орзу кунед ва аз сидқи дил баҳри расидан ба мақсадҳоятон талош намоед»,-изҳор медорад раиси Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии Чоркӯҳи шаҳри Исфара Восилахон Ҷалолова.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии Восилахон Ҷалолова