Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Март 22, 2024 17:45

ДУШАНБЕ, 22.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, оид ба арзиш ва таъриху пайдоиши ҷашни Наврӯз сухан гуфт.

Иброз гардид, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷашни Наврӯз аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуда, умри дубора ва мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Имрӯз ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст. Дар ин фасли нозанини табиат мавсими сайёҳӣ дар Ватани азизамон оғоз гардида, шумораи зиёди сайёҳону ҷаҳонгардон рағбати дидани меҳани аҷдодии Наврӯзро доранд, ки бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо риояи анъанаҳои миллӣ гузаронида мешавад.

Мояи хурсандӣ аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии миллиамон Наврӯзи Тоҷикистон шукуҳу шаҳомати тоза касб кардаву рангину ҷаззобтар гаштааст.

Инчунин таъкид гардид, ки бо шарофати фазои сулҳу амнияти пойдор дар мамлакат ва сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди инфрасохтори замонавӣ, хизматрасонии муносиб ва беҳтар гардидани фазои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ба ин соҳаи муҳими рушди иқтисодиёти миллии мамлакат мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми ҳамоиш як зумра кормандони Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунгарҳои мардумӣ», муҳаррирони бахши сайёҳии «Телевизиони Тоҷикистон»  ва ширкатҳои сайёҳӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати сайёҳии мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин тарғибу ташвиқи васеи имконияти соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ бо сипосномаҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 22, 2024 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд