Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Март 19, 2024 08:44

ДУШАНБЕ, 19.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-21 март, ки  бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иқдоми оқилонаи Пешвои миллатро аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мояи ифтихори миллати шарафманди тоҷик номида, иброз дошт, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳҳои ҳал ва дарёфти усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо хеле муҳим ва саривақтӣ мебошанд.

«Иқдоми оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалинамоии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмуӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад», -афзуд ректори донишгоҳ.

Таъкид шуд, ки дар давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нави таърихӣ бо қабули қатъномаи нав, ки дар маҷлиси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва  21 март  Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо хатҳои заррин навишта шудааст. Ин саҳифаи нави давлатдории таърихӣ бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

«Ҳамаи ин воқеият аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ва истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ҷой гирифтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мо мушоҳида менамоем, ки Пешвои миллат давоми ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин масъаларо бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсир ва оқибатҳои ногувори он ба сайёраи Замин ҳушдор медиҳанд», — таъкид шуд дар ҳамоиш.

Гуфта шуд, ки бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим моро зарур аст, ки ҳамчун мутахассис ва муҳаққиқ ташаббускор бошем ва тамоми чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Март 19, 2024 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд