БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР. Нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва инсондӯстӣ муассир аст

Март 4, 2024 14:03

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Модар сармуҳаррири нашрияи русзабони Ҳукумати Тоҷикистон «Народная газета» Маҳбуба Камолова оид ба нақш ва саҳми занони журналист дар ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Хукумати мамлакат тавассути воситаҳои ахбори омма баёни андеша намуд. 

— Рӯзи Модар  бо Фармони Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соли 2009 таҷлил гардида, ба ин тартиб яке аз ҷашнҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Воқеан дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан занон таҳти дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб гардиданд. Ин соҳибэҳтиромӣ имконият дод, ки занон дар пешрафту тараққиёти ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат нақши муассир гузошта, имрӯз чун олиму омӯзгор, табибу сиёсатмадор, ҳунарманду варзишгар, рӯзноманигору ихтироъкор, муҳандису ҳомии Ватан қариб дар ҳамаи касбу кор пешқадаму саҳмгузор бошанд. Занони тоҷик дар давраи соҳибистиқлолии Ватан дар ҷомеаи муосири журналистӣ низ нақши муҳим дошта, дар гуногунрангӣ ва боло бурдани сифати журналистикаи миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Имрӯз метавон бо ифтихор рӯзноманигорони муваффақи журналистикаи тоҷик: Шоҳона Сулаймон – сармуҳаррири  маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Саида Набизода – сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», Мавҷуда Ҳасанова – сармуҳаррири маҷаллаи «Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ», Фарзона Шарифӣ – сармуҳаррири нашрияи «Боҷу хироҷ», Ситора Одинаева – сармуҳаррири ҳафтаномаи «Кулябская правда»,  Дилафруз Амирзода – Директори Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Вера Исмоилова – Директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Тоҷикистон, Фируза Мирҷуманова – Директори Телевизиони «Диёр» дар шаҳри Хуҷанд, Ҳуринисо Ализода – Раиси Шурои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра сармуҳаррирони ҳафтанома ва маҷаллаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриявӣ ва рӯзноманигорони соҳибқаламро ном бурд, ки саҳми онҳо дар амалишавии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  хеле назаррас аст.

Занони рӯзноманигори мо дар муаррифии андешаҳо ва назарҳои гуногун, ки шояд аз ҷониби мардон нодида гирифта ё кам муаррифӣ шаванд, кумак мерасонанд. Онҳо нақши занонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, нуқтаи назари онҳо ва мушкилоти ҷойдоштаро ба таври муассир инъикос менамоянд.

Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» баҳри муаррифии саҳми занон дар рушди мамлакат таҳти унвони «Нақши занон дар ҷомеа» лавҳаи алоҳида таъсис додааст, ки дар он ҳаёту фаъолият, мавқеъ ва нақши занон  дар пойдории сулҳу субот ва дастовардҳои даврони Истиқлол, саҳми занон дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, варзиш, хоҷагии халқ, қабули қарору қонунҳо, масъалаҳои гендерӣ, мубориза бар зидди хушунати оилавӣ, фарҳанги бегона, тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон, риояи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таблиғи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар мавзуъҳои рӯзмарраи ҷомеа инъикос мегарданд.

Ҳамин тавр, дар яке аз маҷаллаҳои бонуфузи мамлакат «Бонувони Тоҷикистон» оид ба ҳаёту фаъолияти занони фаъоли мамлакат, мақом ва саҳми онҳо дар ҳаёти ҷомеа, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ ва ғайра пайваста маводу матолиби ҷолиб нашр мегарданд.

Дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ низ занони рӯзноманигор масъалаҳои гендериро фаъолона инъикос менамоянд, ки ин ба баланд бардоштани огоҳӣ ва дастгирӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Занони рӯзноманигор барои занони дигаре, ки мехоҳанд ба рӯзноманигорӣ машғул шаванд, ҳамчун намунаи муҳим ва манбаи илҳом хизмат менамоянд. Муваффақият ва дастовардҳои онҳо далели он аст, ки занон метавонанд дар ин касб обрӯ ва нуфуз дошта бошанд, ки ин занони дигарро ба рафъи монеаҳо ва талош барои ҳадафҳояшон водор менамояд.

Бояд гуфт, ки занон дар журналистика дар пешбурди жанрҳои муосири гуногунрангӣ ва фарогир нақши муҳим доранд.

Дар маҷмуъ, нақши зан дар ҷомеаи рӯзноманигории муосир бебаҳо аст. Онҳо таҷрибаи беназирашонро барои саҳмгузорӣ дар фарогирии ҳамаҷонибаи рӯйдодҳо ва масъалаҳои ҷомеа пешкаш менамоянд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки «мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам овардем».

Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.  Вобаста ба ин таъкид намуданд, ки мову шумо на фақат дар Рӯзи Модар, балки бояд ҳамеша ва пайваста нисбат ба модарону хоҳарон ва духтаронамон ғамхору меҳрубон бошем.

Маҳбуба КАМОЛОВА,
сармуҳаррири нашрияи «Народная газета»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»/муаллиф

Март 4, 2024 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ БОЯД ТАҚВИЯТ ЁБАД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
РУШДИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
ЧОЙ НӮШОКИИ АЗ ҲАМА ЗИЁД ИСТЕЪМОЛШАВАНДА ДАР ҶАҲОН АСТ. Кадом навъи он ба саломатӣ фоида дорад?
ЧАККА ДАР ОШХОНАИ ТОҶИКӢ ҶОЙГОҲИ МАХСУС ДОРАД. Чаро онро парҳезӣ ва шифобахш номидаанд?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед