Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Тирмиз ёддошти тафоҳум имзо гардид
ДУШАНБЕ, 12.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.
Санади муҳими ҳамкорӣ аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ва ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тирмиз Азизбек Ҳасанов ба таври маҷозӣ ба имзо расонида шуд.
Ёддошт имкон медиҳад, ки минбаъд ҳамкорӣ дар заминаи табодули академӣ, даврҳои такмили ихтисос, ташкили барномаҳои таҳсилотии муштарак, даъвати профессорон ба муассиса, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва амсоли ин амалӣ шавад.
Гуфта мешавад, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон феълан ҳамкории судмандро бо 111 муассисаи олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ амалӣ намуда, тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






