Дар Душанбе масъалаи истеҳсоли муштараки мошинҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид

Март 11, 2024 11:36

ДУШАНБЕ, 11.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Лазиз Қудратов масъалаи истеҳсоли муштараки мошинҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба гузаронидани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро, ки таҳти ҳамраисии сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, муҳокима намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, истеҳсоли чархҳо дар заминаи Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «ТАЛКО» барои эҳтиёҷоти саноати мошинсозии Узбекистон, инчунин сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон мубодилаи афкор доир шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо таъкид намуданд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарони ду давлати ҳамҷавор ва бо ҳам дӯст буд, ки имрӯз Тоҷикистон ва Узбекистон ба шарикони стратегӣ ва боэътимод мубаддал гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Ҷумҳурии Узбекистон 504,4 миллион доллар ва вазни хоси он 6,1 фоизро ташкил дода, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон он дар ҷои 5-ум қарор дорад. Ҳамзамон ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин нишондиҳанда иқтидори мавҷудаи байни давлатҳои моро инъикос накарда, ҳоло ҳам имконияти зиёди истифодаи ин иқтидор вуҷуд дорад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 11, 2024 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд