Дар Хатлон бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамзамон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон бо намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ иштирокдорон доир ба сабабу омилҳои пайдоиш, роҳҳои пешгирӣ ва ташаббусу иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа сухан гуфтанд.
«Бо назардошти он ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок маҳсуб мешавад, пешгирии амалҳои коррупсионӣ низ дар ин бахши ҳаётан муҳим зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат қарор дорад», — гуфта шуд дар вохӯрӣ.
Дар ин замина кормандони соҳаи тандурустии вилоят даъват шуданд, ки ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа бештар талош намоянд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»






