Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи зиддитеррористии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Хоавр»/. Дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат бо ёвари Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи Мудирияти Кумитаи зиддитеррористии Шурои Амният СММ (CTED) Наталя Герман баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар хусуси мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа, инчунин дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи зиддитеррористии Шурои Амният СММ дар ин самт табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот инчунин аҳаммияти баргузории силсила чорабниҳои байналмилалии сатҳи баланд дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо террорим ва маблағгузории он» ва танзими сафарҳои минтақавии ҳайати Кумита таъкид гардид.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд






