Дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Ашқобод вохӯрӣ доир шуд

Март 18, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Ашқобод вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9 марти соли 2024 дода шуданд, шарҳу тавзеҳ дод.

Дар ин робита ба риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бахусус муҳимияти таълиму тарбияи шоистаи фарзандон, ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҳамчунин зарурати эҳтироми қонунҳо, таъмини волоияти онҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ таъкид шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Март 18, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд