Дар Суғд мусобиқаи пойга ва бузкашӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ипподроми Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи пойга ва бузкашӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Қабл аз оғози мусобиқаи пойга ва бузкашӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари Федератсияи миллии човандозон ва пойгаҳи аспдавонӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштирокчиён ва тамоми сокинони вилоятро бо иди байналмилалии Наврӯз табрик намуданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дӯстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ ҳамасола бозиҳои миллии пойга ва бузкашӣ ташкил мешаванд.
Баҳри рушди минбаъдаи соҳаи чорвопарварӣ, аз ҷумла асппарварӣ барномаҳои дахлдор қабул гардида, ҳамасола афзун намудани саршумори аспҳои зотӣ амалӣ мегардад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 март дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 9262 сар асп парвариш мешавад, ки аз он 2041 сар ба бахши кишоварзӣ ва 7221 сар ба бахши хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Вобаста ба хушзот намудани саршумори мавҷуда ва афзун намудани аспҳои зотӣ аз тарафи мутахассисон тадбирҳои муайян амалӣ мешаванд.
Дар вилоят мактаби варзиши аспии чавгон ва аспбозӣ бо 15 варзишгар ва 25 сар аспи зотӣ фаъолият доранд.
Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят ассотсиатсияҳои асппарварӣ ташкил гардида, дӯстдорони табиат аспҳои зотии тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекиникиро парвариш намуда, баробари мусобиқаҳои вилоятӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштироки фаъолона доранд.
Мусобиқаи пойга ва бузкашӣ ҳамчун суннатҳои деринаи наврӯзӣ ба густариш ёфтани варзиш дар байни мардум, хосса ҷавонон мусоидат намуда, аз ҷониби дигар ба боз ҳам қавитар намудани муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо равона гардидаанд.
Дар мусобиқаи пойга ва бузкашӣ човандозону паҳлавонон маҳорат нишон дода, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд






