ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Палос» беш аз 1000 бех ниҳол шинонида шуд

Март 10, 2024 13:37

ДУШАНБЕ, 10.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Палос»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ, собиқадорон ва устодону донишҷӯён беш аз 1000 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинонида шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, дар доираи ин ташаббус 800 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла чор навъи зардолу ва олу, 238 ниҳоли арча шинонида шуд.

Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Палос» дар масоҳати 25,9 гектар дар Ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, шумораи дарахтони мевадиҳанда 15 намудро ташкил медиҳад.

Дар минтақа қариб 10 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш ёфта, ҳамасола беш аз 20 тонна анвои гуногуни мева аз ин минтақа ҷамъоварӣ мешавад.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати шинонидани дарахтони ба шароиту иқлим мувофиқ, зиёд намудани ҳосили дарахтони мевадиҳанда, истифодаи самараноки замин ва корҳои ободонӣ дар минтақа мунтазам тадбирҳои зарурӣ анҷом медиҳад.

Ректори донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати таъмини фаъолияти сифатнок ва самарабахши минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Палос» дастуру маслиҳат дод.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Март 10, 2024 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд