Дурнамои кишти картошка дар Тоҷикистон 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи дурнамои соли 2024 дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 660 ҳазору 64 гектар зироати кишоварзӣ кишт шавад. То аввали моҳи марти имсол кишти баҳории ғалладонагиҳо 20 ҳазору 956 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон тибқи дурнамо картошка дар майдони 40 ҳазор гектар бояд кишт шавад, ки ба ҳолати 7 марти соли 2024 картошкаи барвақтӣ дар майдони 6622 гектар ва сабзавот дар 18 ҳазору 852 гектар кишт шудааст.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз медорад, ки кишти баҳории картошка дар водиҳо аз нимаи моҳи феврал ва аввали март оғоз гардида, то охири моҳи март гузаронида мешавад.
Ба гуфти мавсуф, дар кишти баҳорӣ картошкаи тухмиро як моҳ пеш аз кишт омода менамоянд. Бо ин мақсад лӯндаҳои тухми картошкаро аз ҷои салқин ба ҷои то 12-15 дараҷа гарму равшан, вале нури Офтоб намерасидагӣ ва намнокии ҳаво бояд аз 85 то 90 фоиз бошад, бароварда, 2-3 қабат рехта, 20-25 рӯз нигоҳ медоранд ва онҳоро дар ин давом барои инкишофи нешакҳо рӯйгардон менамоянд.
Дарозии нешакҳо то давраи кишт ҳангоми истифодаи мошинҳои картошкашинонак бояд 0,25-0,50 см бошад. Омода намудани тухмӣ барои кишт аз навъҳои тухмиҳои пешпазак ва миёнапазаку солим ва коркарди онҳо бо фунгиситҳо зарур аст. Лӯндаҳои картошкаро дар фосилаҳои 18-20 см ва дар чуқурии 8-10 см бояд кишт намуд. Баъди кишт ба рӯи ҷӯякҳо пошидани пору ба миқдори 7-10 тонна дар як гектар тухмиҳоро аз шароити номусоиди обу ҳаво нигоҳ медорад.
Доктори илмҳои кишоварзӣ изҳор дошт, ки «технологияи парвариши кишти картошкаи барвақтӣ аз картошкаи мавсимӣ фарқ дорад. Марди деҳқон пеш аз кишти картошка бояд заминро хуб омода ва бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намояд. Нозукии асосии кишти картошка он аст, ки фасли сарморо ба назар гирифта, лӯндаҳои картошкаро дар чуқурии 15 ё 16 см дар қаторҳо мешинонем. Инчунин теғаи болои картошка ва ду атрофи лӯндаи картошка бояд ҳамин андозаро дошта бошад. Дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯндаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани офтоб гармӣ бояд ба болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати боришу барфи зиёд ва пас аз баромадани Офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд. Ин ба сабзиши картошка мусоидат менамояд».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, моҳи март сербориш мешавад, ки ин шароити боду ҳаво дар водиҳо барои гузаронидани корҳои саҳроӣ мусоид пешгӯӣ намешавад. Дар рӯзҳои боқимондаи моҳи март аз ҳисоби бебориш будани ҳаво гузаронидани корҳои саҳроӣ барои хоҷагидорон мусоид аст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






