Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид

Март 28, 2024 16:49

ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят Давлаталӣ Саид баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.

Дар иҷлосия масъалаҳо «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021 «Дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи пешакӣ дар вилоят аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилоят то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва сохтмони 6260 биною иншоот пешбинӣ  гардидааст. Аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф 760, тандурустӣ- 477, фарҳанг- 179, варзиш-261, саноат- 576, кишоварзӣ- 289, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ- 55 иншоот бунёд шуда, 68 пул, 57 ҳаммом, 87 сартарошхона ва 40 кошонаи ҳусн  сохта мешавад.

Раиси вилоят инчунин доир ба дастоварду мушкилот дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, роҳсозӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмони иншооти таъйиноташон гуногун, бахши занон, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли 2024 сухан гуфт.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони ниҳодҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ дастур дод, ки низоми дурусти меҳнат ва талаботи дастурамали коргузориро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Ҳамчунин раиси вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намуда буданд, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони вилоят вазифа гузоштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Март 28, 2024 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад