МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕАИ МУОСИР. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ – кафили рушди ҷомеаи муосир» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Бояд ифтихор намуд, ки мо дар муҳити орому осуда умр ба сар мебарем ва ин нишони ваҳдату ягонагӣ ва пойдории Истиқлоли мамлакат мебошад. Таҳти сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон дастовардҳои бузург ба амал омаданд. Моро зарур аст, ки ин неъматҳои пурарзишро пос дорем ва барои ҳифзашон ҳамеша талош намоем.
Дар идома дар мавзуъҳои «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ», «Пешгирии зӯроварӣ дар оила дар иртибот ба Соли маърифати ҳуқуқӣ», «Вазъ ва дурнамои қонунгузории миллӣ дар раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷомеа» маърузаҳо шунида шуданд.
Дар заминаи маърузаҳо байни иштирокдорон музокира доир шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






