Масоили тағйирёбии иқлим, амнияти экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва дипломатияи обӣ дар Ашқобод баррасӣ гардид

Март 6, 2024 13:43

  ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, амнияти экологӣ, ҳифзи муҳити зист, дипломатияи обӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ аз мавзуъҳои мубраме буданд, ки дар мулоқоти сатҳи баланди вазирони  ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)  дар пойтахти Туркманистон- шаҳри Ашқобод баррасӣ гардиданд. Тоҷикистонро дар ин нишасти сатҳи баланд Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода намояндагӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  ин кумита.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ таваҷҷуҳи махсусро ба ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва қатъномаи дахлдори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ равон намуд.

Ҳамчунин Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи иштирокдоронро даъват намуд, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд.

Баҳодур Шерализода аҳамияти ҳамкории минтақавиро дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист таъкид намуд. Иштирокдорони нишасти сатҳи баланд стратегияҳои таҳкими ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири онро муҳокима намуданд.

Дар нишасти сатҳи баланд ҳамзамон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳифзи захираҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва паст намудани сатҳи ифлосшавӣ диққати махсус дода шуд. Инчунин тадбирҳои самарабахши ҳифзи муҳити зист муҳокима ва зарурати талошҳои муштарак оид ба мубориза бо таназзули муҳити зист таъкид гардид.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2024 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид