Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» шуруъ аз моҳи март филмҳои нав ба навор мегирад

Март 5, 2024 13:33

ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 моҳи марти соли 2024 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар шаҳри Душанбе наворбардории филми ҳунариро бо номи шартии «Виҷдон» оғоз менамояд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Филмнома дар Шурои бадеии «Тоҷикфилм»  мавриди муҳокима қарор гирифта, барои наворбардорӣ пазируфта шуд.

Достони филм робитаи падар бо писар ва гуфтугӯйи байни наслҳоро дар ҷомеаи имрӯз тасвир менамояд. Фаъолияти яке аз қаҳрамонҳои филм дар ширкати сайёҳӣ маконҳои зебою дилфиреби Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад.

Дар филм нақши асосиро ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик Исфандиёр Ғуломзода мебозад.

Ҳамзамон Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҷиҳати татбиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии Иттиҳодияи истеҳсолию эҷодии «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» филми ҳунарии муштаракро бо номи шартии «Сукут дар кӯҳҳо»  аз моҳи март то моҳи июни соли равон  дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навор мебардорад.

Саҳнаҳои филм асосан дар ҳудуди Тоҷикистон наворбардорӣ шуда, ҳунарпешаҳо ва хоҳишмандон барои нақшофарӣ тавассути кастинг ҷалб мегарданд.

АКС аз бойгонӣ

Март 5, 2024 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд