Нақши «дипломатияи фарҳангӣ» дар ташаккули симои мусбати давлат дар хориҷа назаррас аст

Март 18, 2024 16:14

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзу нигаҳдошти ормонҳои умумиинсонӣ ва умумифарҳангӣ дар ҳаёти имрӯзаи башарият масъалаи муҳим ба ҳисоб рафта, дар ин замина, ба вуҷуд овардани сиёсати инсонгароёна бо ҳадафи таҳкими сулҳ дар саросари ҷаҳон ва дар меҳвари арзишҳои дӯстиву бародарӣ, меҳру шафқат, эҳтирому садоқат ва ҳамёриву ҳамҷаворӣ рушди давлатдории миллӣ зарур арзёбӣ мегардад.

Дар ин ҷода суннату ойинҳои фарҳангии инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарвар, ки бо сифатҳои некбинона ба ҳаёти мардум, сарфи назар аз нажоду миллат ва дину мазҳаб ворид гардида, арзишҳои бузурги зебоипарастиву накукорӣ, хайрхоҳиву меҳмоннавозиро дар қалби инсонҳо ҷо намуда, шодиву сурурро ба зиндагӣ бештар месозанд, саҳми муассир доранд.

Дар баробари қудрати сиёсӣ ва неруи иқтисодӣ, дар амалӣ гардидани сиёсати инсонгароёна истифодаи иқтидори фарҳангии давлатҳо нақши муҳим мебозад. Имконоти фарҳангӣ ҳамеша барои муттаҳид сохтани ҷомеаи инсонӣ ва эҷоди симои мусбати ҳаёт нақши муассир дорад.

Бинобар ин арзишҳои фарҳангӣ як қисми таркибии сиёсати байналмилалии давлатҳоро ташкил дода, баҳри таҳкими робитаҳои дӯстонаи мамлакатҳо аз он ба шакли васеъ истифода бурда мешавад.

Дар замони муосир «дипломатияи фарҳангӣ» муҳимтарин воситаи амалисозии сиёсати хориҷии давлатҳо эътироф шудааст, ки асоси онро арзишҳои фарҳангии миллатҳо ташкил медиҳад.

Ба андешаи коршиносон, ташаккули симои мусбати давлатҳо, пешбурд, оммавигардонӣ, содироти фарҳанг ва забони миллӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи манфиатҳои миллӣ аз ҳадафҳои асосии «дипломатияи фарҳангӣ» маҳсуб мегардад.

Давлатҳои гуногуни олам баҳри тавсеаи ҳамкории гуманитарӣ дар сиёсати берунаи худ ба ин омилҳои ваҳдатофар такя намуда, мавқеи худро дар фазои муносибатҳои байналмилалӣ таҳким мебахшанд ва ҳамдигарфаҳмиро байни халқҳо ва мамлакатҳо густариш медиҳанд.

Мафҳуми «дипломатияи фарҳангӣ» ҷанбаи тарғиботӣ ва сиёсӣ дошта, давлатҳои муосир аз он баҳри ҷалби бештари сайёҳон ва сармояҳои мустақим, инчунин муаррифии имконият, иқтидор ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ корбарӣ менамоянд ва дар чаҳорчӯби ин дидгоҳи сиёсии фарҳангӣ санъат, театр, кино, мусиқӣ, рақс ва адабиёт васеъ истифода мегарданд.

Дар маҷмӯъ дипломатияи фарҳангӣ паҳнкунанда ва тарғиботгари фарҳанг ва муқаддасоти кишварҳои олам буда, ҷиҳати ба вуҷуд овардани симои созгори ҳар як давлат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бузург мебозад.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба фарҳанг арҷ гузошта, онро ҳастии миллат эълон намуд ва барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Бо ибтикору ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои самарабахш амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, «Соли 1999 ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён», «Соли тамаддуни Ориёӣ», «Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ», «Соли бузургдошти Имоми Аъзам», инчунин ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид намудан ва ҷашн гирифтани «1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», «100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода», «600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ», «3000-солагии Ҳисор», «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», ба Феҳристи фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардидан ва мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашнҳои «Наврӯз», «Сада», «Фалак», «Атласу адрас», «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ва ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Саразм», ҳамчун аввалин ёдгории таърихии Тоҷикистон, ки ҳар кадом бо тарҳу барномаи хос, баргузории чандин нишасту ҳамоишҳо, чопи теъдоди зиёди китобу рисолаву мақолаҳо, таҳияи барномаҳои радиоиву телевизионӣ амалӣ карда шуда, дар муаррифии фарҳанги мо нақши калидӣ гузоштааст.

Бахусус Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишуда тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдоми тоза ҳидоят менамояд.

Воқеан, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо сифатҳои башардӯстонааш, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накукорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин менамояд, заминаи устувори рушди ҳамкории муштараки фарҳангии кишварҳоро метавонад, дар доираи «дипломатияи фарҳангӣ»ташкил намояд.

Ба шарофати истиқлолу озодӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди байналмилалии Наврӯз, ҷашнҳои Сада ва Меҳргон мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ба беҳтарин ойинҳои умумибашарӣ табдил ёфтаанд, ки метавонад баҳри ҷалби таваҷҷуҳи чомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари тоҷик ва истифодаи дурусти «дипломатияи фарҳангӣ» заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар баробари ин имрӯзҳо дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил гардида, дар доираи онҳо чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили корвони шодиёнаи наврузӣ, барномаи рангини театрикунондашудаи устодони санъату фарҳанг, Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз — мероси фарҳангию сайёҳӣ», барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гуштини миллӣ «Гуштингирӣ», мусобиқаҳои кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд, ки иқтидори фарҳангии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо ба шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг месозад.

Дар ин радиф соли равон бори нахуст дар майдони «Истиқлол»-и пойтахт «Карнавали Наврӯзӣ» бо таҷассуми орзую ормонҳои умумихалқӣ аз озодӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз бо тарҳи наву муосир баргузор мегардад, ки беҳтарин тамошогоҳ барои сокинону меҳмон ва сайёҳон мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ ташаккул ва муаррифии тамғаи миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон — ҳамчун решапайванди наслҳо, пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон метавонанд барои муаррифии таъриху фарҳанг, урфу одат ва имконияти сайёҳии мамлакат ҳамчун тамғаи миллии сайёҳӣ хизмат намоянд.

Баҳри ноил шудан ба ин ҳадафҳо ба вазорату идораҳои дахлдори мамлакат пешниҳод карда мешавад, ки ҳамасола (чор – панҷ моҳ пеш аз баргузории Ҷашни байналмилалии Наврӯз) «Тақвими ягонаи чорабиниҳои наврӯзӣ»-ро таҳия ва тасдиқ намоянд ва дар доираи он лавҳаҳои видеоии тарғиботиро бо забонҳои гуногун вобаста ба доир гардидани чорабиниҳо омода намуда, баҳри инъикоси васеи он тавассути воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ тадбирҳо андешанд.

Ҳамзамон сомонаи интернетии махсуси Наврӯз, Сада ва Меҳргон дар баробари забони давлатӣ бо забонҳои хориҷӣ — русӣ, англисӣ ва арабӣ таҳия карда шавад.

Воқеан робитаи фарҳангӣ ҳамчун воситаи судманди дипломатияи оммавии давлатҳо барои ноил шудан ба ҳамдигарфаҳмии байнидавлатӣ ва сулҳу суботи байналмилалӣ, нақши бориз дорад, ки дар ин ҷода ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ барои мардумони олам хизмат намояд.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз дарак аз он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.

Дилшоди ҶАМШЕД,
сармутахассиси Раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 АКС: АМИТ «Ховар»

Март 18, 2024 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд