НАВРӮЗ-РАМЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА МАЪНАВИИ ТОҶИКОН. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Наврӯз таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саҳни бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки роҳбариятии муассиса ва кормандон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин марказ хабар доданд.
Директори муассиса Мирзо Исмоилзода иброз намуд, ки Наврӯз яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва маънавии тоҷикон арзёбӣ мегардад. Он дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷилои нав эҳё гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.
Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Наврӯз шукуҳу ҷалоли нав пайдо намуд ва ба ҷашну сурури миллӣ табдил ёфт.
Гуфта шуд, ки бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар 64-умин иҷлосияаш Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд.


Ин бори дигар нишони соҳибтамаддунӣ ва шинохти Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳбистиқлол дар арсаи ҷаҳон аст.
Сипас бо иштироки васеи кормандони муассиса тибқи анъана чорабиниҳои гуногуни милливу варзишӣ, аз қабили суманакпазӣ, бандкашӣ, тенниси рӯи миз, рақси миллӣ, шеъру таронаҳо дар васфи Наврӯз доир шуданд.
Дар фарҷом ғолибони мусобиқаҳо аз ҷониби директори муассиса бо ифтихорнамаҳо қадрдонӣ шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»










Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон






