НАВРӮЗ ВА ЧАКАН. Суратгузориш аз ҷашнгирии Иди Наврӯз дар ноҳияи Синои пойтахт манзур мегардад
ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо намоиши анъанаҳои қадимаи наврӯзии халқи тоҷик оғоз намуданд.
Дар як гӯшаи ҷашнгоҳ занону духтарон хӯрокҳои миллӣ- суманак, оши бурида, далда омода мекарданду дар гӯшаи дигар наврасону ҷавонон мусобиқаҳои миллии варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ, бандкашӣ ташкил намуда буданд. Барномаи фарҳангӣ бо беҳтарин таронаҳои наврӯзӣ пешниҳоди иштирокдорон гардида, дӯстдорони санъати мусиқӣ зери ин наво рақсу шодӣ мекарданд.
Занону духтарони чаканпӯшу атласпӯш ба ҷашни гулҳо-Наврӯзи хуҷастапай шукуҳи дигар зам мекарданд. Куртаҳои чакан ҳазор ранг ва ҳазор нусхаро ташкил медод, ки яке аз дигаре зеботар ба назар мерасид. Аз дидани ин лаҳза кас шабоҳати Наврӯзро бо чакан бештар эҳсос менамояд.
Мухбири АМИТ «Ховар» лаҳзаҳои беҳтарини ин ҷашнро аксбардорӣ карда, суратгузориш омода намудааст, ки манзур карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






