Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»

Март 21, 2024 14:41

ДУШАНБЕ, 21.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ мебошанд ва аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ, яъне офаридани зебоӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят менамоянд. Чунин изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон дар Паёми шодбошиашон ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонӣ.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода намудани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зист аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад. «Мо бояд ин ойину арзишҳоро ҳамарӯза риоя намоем, муҳити зист, яъне кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳалли зист, шаҳру ноҳия, инчунин роҳҳои мамлакатамонро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем ва сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам сарсабзу хуррам ва дилкашу хушнамо гардонем»,-баён доштанд Пешвои миллат.

Ба таъкиди Сарвари давлат, ин корҳо баёнгари тамаддуни деринаи мо ҳамчун миллати ободгару созанда мебошанд.

Ҳамчунин Президенти мамлакат хотирнишон намуданд, ки дар фарҳанги тоҷикон амалҳои некиву накукорӣ ва ботину қалби пок доштан анъанаи дерина буда, аз шиори аҷдоди некномамон – пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек сарчашма мегиранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 21, 2024 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид