Сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои Колумбия, Ватикан, Сиерра-Леоне ва Ангола бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон сайри осорхонавӣ ташкил шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Сафирони давлатҳои хориҷӣ зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва давраҳои пурифтихори таърихи халқи т оҷик, махсусан бо ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ аз наздик шинос шуданд.
Сафирон аз шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташонро навиштанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






