Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз аъзои Ҳукумат ва аҳли ҷомеа риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 март дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аъзои Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа риояи қатъии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро талаб намуданд.
Қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад. Вале бояд гуфт, ки ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо, бахусус маросими манъшудаи динӣ то ҳанӯз аз байн нарафтаанд.
9 март Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин таъкид намуданд, ки танҳо дар давраи солҳои 2014 – 2023 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои риоя накардани талаботи ин қонун 5 620 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
«Ҳамзамон бо ин таъкид месозам, ки ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи мамлакат дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст», — илова намуданд Пешвои миллат.
Бо назардошти ин ҳолатҳо Президенти мамлакат ба тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, кумитаҳои кор бо ҷавонон, дин, иттиҳодияҳои динӣ ва дигар ташкилоти ҷамъиятӣ дастур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар тарзу усулҳои муассири пешгирӣ намудани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва вайронкунии маҳдудияти бо қонун муқарраршударо анҷом дода, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






