Ширкати олмонии «Тrutzschler spinning» дар вилояти Хатлон корхонаи ресандагӣ бунёд менамояд

Март 13, 2024 10:25

ДУШАНБЕ, 13.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии ширкати олмонии «Trutzschler spinning» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон нақша дорад, ки дар вилояти Хатлон корхонаи ресандагӣ бунёд намояд. Дар ин хусус зимни вохӯрии муовини Раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода дар ноҳияи Вахш бо намояндагони ин ширкат  иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар мулоқот Заробиддин Файзуллозода ва масъулини намояндагии  ширкати олмонии «Trutzschler spinning» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  бо роҳбарии Вилфрид Готманнс оид ба ҳамкорӣ дар самти харидорӣ намудани таҷҳизот барои корхонаи ресандагӣ суҳбат намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои ҳамкории минбаъда ба мувофиқа расида, барои сохта, ба истифода додани корхонаи ресандагӣ машварат намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо бо корхонаи ресандагии «Бакан», ки дар он таҷҳизоти ин ширкат истифода мешавад, шинос шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Март 13, 2024 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд