Таҳти унвони «Саҳми Осорхонаи миллӣ дар кашф ва омӯзиши мероси бостонии миллати тоҷик» намоиш доир шуд

Март 7, 2024 14:38

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллӣ бо мақсади омӯзиш, ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии ниёгон таҳти унвони «Саҳми Осорхонаи миллӣ дар кашф ва омӯзиши мероси бостонии миллати тоҷик» намоиш ва ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод. 

Дар намоиш ва ҳамоиши илмӣ  намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор», омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, донишҷӯёни факултаи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, инчунин роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода доир ба нақши мутахассисон ва бостоншиносони Осорхонаи миллӣ дар самти ҷамъоварӣ, ҳифзу омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик сухан намуд.


Дар намоиш бозёфтҳои нодири таърихие, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз ҷониби бостоншиносони Осорхонаи миллӣ аз ёдгориҳои «Хоҷа Муфарраҷ»-и шаҳри Ҳисор ва «Тахти Шоҳӣ»-и шаҳри Душанбе пайдо гардида буданд, ба маърази тамошо  гузошта шуданд.

Дар қисмати ҳамоиши илмӣ аз ҷониби мутахассисон ва бостоншиносони Осорхонаи миллӣ дар мавзуъҳои «Мавқеи Осорхонаи миллӣ дар кашф ва пажуҳиши ёдгориҳои бостонии миллати тоҷик», «Водии Ҳисор дар масири таърих», «Кулолгарӣ дар замони Кушониён (дар мисоли шаҳраки кушонии Сайёд ва Чимқурғон)», «Таърихи бозёфт ва омӯзиши ёдгории Алмосӣ» ва «Ду кашфиёти нодир» гузоришҳои илмӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 7, 2024 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд