Фаррух Ҳасанов: Тамоми муваффақиятамро ба модарам мебахшам

Март 7, 2024 14:49

ДУШАНБЕ, 07.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бузургии Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи насли ояндасози миллат мебошад. Нақши модарон дар тарбияву камолоти фарзанд хеле бориз аст. Ҳамин аст, ки қаҳрамонони дунё тамоми пешравиашонро аз заҳмати модаронашон медонанд. Яке аз ҷавонони фаъолу муваффақ, ки бо санъату ҳунари волояш Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд, Фаррух Ҳасанов мебошад, ки 90 фоизи муваффақияташро аз талошҳои модараш медонад.

«Вақте ки хурд будам, модарам меҳру муҳаббати маро нисбат ба санъату ҳунар дида, кӯшиш менамуд, ки дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намоям. Ӯ ҳама вақт аз маблағи барои рӯзгор пасандознамудааш қисмеро барои ман мемонд, то тавонам оҳангу таронаҳои нав сабт намуда, дар маҳфилҳои фарҳангӣ ва барномаҳои телевизионӣ иштирок намоям», -гуфт Фаррух Ҳасанов.

Сарояндаи ҷавону муваффақ иброз медорад, ки агар модар боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ ба донишу маърифат майл пайдо намуда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва кӯшишу талош менамоянд, ки бар ивази заҳматҳои модар шахси барои ҷомеа нафъовар ба камол расанд.

«Модари ман ба ғайр аз фикри пешравии мо — 5 фарзандаш  дигар ҳадаф надошт. Ҳамин аст, ки имрӯз ҳар яки мо дар зиндагӣ мавқеамонро пайдо намуда, соҳиби маълумоту касбу кор гаштем. Ҳарчанд ки модари ман низ ҳақ дошт маблағҳояшро сарфи дигар кору рӯзгор намояд, мисли баъзе занон барои худ зару зевар, матову коло харад, вале ӯ мехост, ки мо пешрафта бошем, ояндаи неку дошта бошему барои пешрафти давлату миллат хизмат намоем», -афзуд ӯ.

Фаррух мегӯяд, ки бо гузашти замон модараш бемор шуду барояш сарпарастӣ карда наметавонист ва мегуфт: «Писарам аз ҷодаи интихобнамудаат даст накаш, ҳамеша баҳри ба ҳадаф расидан кӯшишу талош намо, зеро тавре мегӯянд, ҳар як заҳматро подоше ҳаст».

Ва бо ин суханонаш дили Фаррухро нисбат  ба санъат гарм менамуд.

«Ҳамин дилгармкунии модар буд, ки шабу рӯз кор мекардам, меҳнати зиёд намуда, кӯшиш менамудам, ки нозукиҳои санъатро омӯзам, сурудҳои нав ба нав эҷод намуда, ҳунарамро сайқал диҳам. Хушбахтона, имрӯз ба он чи ки модарам орзу менамуд, расидам. Акнун тамоми пешрафту комёбиҳоямро ба модарам ҳадя месозам»,- мегӯяд Фаррух Ҳасанов.

Тавре дар суҳбат Фаррух Ҳасанов иброз дошт, бахшида ба Рӯзи Модар бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 март дар «Кохи Борбад»-и пойтахт консерти идонаи ӯ доир мешавад. «Вақте зимни мулоқот Раиси  шаҳри Душанбе мақсаду ҳадафҳоямро пурсон шуданд, иброз доштам, ки мехоҳам дар Тоҷикистон консерт баргузор намоям. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ин нияти маро ба инобат гирифта, барои баргузории консерт ба ман кумак намуданд, ки миннатдории самимиамро баён менамоям», -гуфт Фаррух.

Фаррух Ҳасанов ба хотири арҷ гузоштан ба заҳмату талоши тамоми модарон барномаи фарҳангиашро дар арафаи Рӯзи Модар баргузор намуда,  онро ба тамоми модарони рӯйи дунё мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 сарояндаи 26-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар 5-умин мавсими ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.


Озмун  дар шабакаи телевизионии «Россия 1» намоиш дода шуда, дар он Фаррух маҳорати баланд нишон дода, доваронро дар ҳайрат гузошт ва соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубли русӣ гардид.

Ба ҳунари волои сарояндагии Фаррух овозхонҳои машҳури Русия, аз ҷумла Филипп Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон баҳои баланд доданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 7, 2024 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар доираи он форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Душанбе Иди Меҳргонро бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ таҷлил менамоянд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Барои меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд
Дар Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак баргузор гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Ҷаласаи калидӣ дар «Душанбе-Инвест-2025»
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Шоми имрӯз дар Боғи Куруши Кабир барномаи рангини фарҳангӣ доир мешавад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Москва ҳамоиш оид ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалии фалак баргузор мегардад
Вобаста ба криосфера, иқлим ва захираҳои об конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегарданд