«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Таҳти ин унвон дар шаҳри Хоруғ ҳамоиш доир гардид

Март 2, 2024 13:51

ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» оид ба иқдоми пӯшидани либосҳои миллӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар он  кормандзанони идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ иштирок намуда, баргузории ин иқдомро ҷонибдорӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш роҳбарияти шаҳр иштирок намуда, аз таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арҷгузорӣ ба анъанаҳои либоспӯшӣ ёдовар шуданд.

Гуфта шуд, ки либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузоранд ва аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ҳамзамон гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ шуруъ аз 1 март то 31 май дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Март 2, 2024 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид