Занону модарони тоҷик дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд

Март 8, 2024 14:19

ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин  кумита.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ҳамеша мақому манзалат ва ҳурмату эҳтироми Зан-Модарро ба таври шоиста қадрдонӣ менамоянд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ бо ташаббус ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имконияти баробари мардону занон дар сатҳи сиёсати давлатии Тоҷикистон тадбирҳо амалӣ шуда, ин раванд бобарор идома дорад.

Дар ин замина Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 28 декабри соли 2023 таъкид намуда буданд, ки «мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам овардем. Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат менамоянд».


Гуфта шуд, ки занон-модарони тоҷик дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар байни фарзандонашон ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.

Дар ҷамъомад ба собиқадорони меҳнат ки солҳои дароз дар дастгоҳи марказӣ, корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва мақомоти идораи замин дар маҳал фаъолияти пурсамар намуда,  ҳоло давлати пирӣ меронанд, туҳфаҳои идона тақдим гардид.

Ҳофизони хушнавои тоҷик бо сурудҳои дилнишин ба чорабинии идона шукуҳи тоза бахшиданд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 8, 2024 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд