Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои алоқа ва коммуникатсия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бахшҳои алоқа ва коммуникатсия баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот иброз гардид, ки зарфияти ҳамкорӣ дар самтҳои алоқа ва коммуникатсия байни ду мамлакат фарох буда, густариши робитаҳо ба манфиати ду ҷониб мебошад.
Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро ба густариш ва рушди муносибатҳои дуҷониба иброз дошта, доир ба нақшаи ҳамкории минбаъда табодули афкор намуданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






