Дар Минск ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни ҷаласа роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки соли 2025 марҳилаи аввали татбиқи стратегияҳои рушди бахшҳои гуногуни ҳамкорӣ, ки панҷ сол қабл аз ҷониби роҳбарони давлатҳои Иттиҳод қабул шуда буд, ба анҷом мерасад. Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки таҳлили фосилавии иҷрои муқаррароти нақшаҳои чорабиниҳо оид ба татбиқи стратегияҳои қабулшуда гузаронида шавад.
Ҳамзамон вазир иттилоъ дод, ки дар ҳошияи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон давоми соли 2024 баргузории Форуми байналмилалии ихтиёркорон (волонтёрон), Форуми байналмилалии ҷавонон, Истироҳатгоҳи таълимии тобистона, ҷаласаи навбатии Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдӣ, Анҷумани панҷуми олимон ва нишасти Шурои олимони ҷавон дар назар аст.
Дар заминаи баррасии масоили амниятӣ Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо чолишҳои бесобиқа рӯ ба рӯ гашта истодаанд. Вазир аз давлатҳои Иттиҳод даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи амният тадбирҳои муассиртар андешанд, инчунин оид ба зарурати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид намуд.
Аз натиҷаи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд изҳороти муштарак қабул гардида, қарорҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳошияи Иттиҳод равона карда шудаанд, ба имзо расиданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






