Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Рашт вохӯрии судманд доир гардид

Апрель 29, 2024 09:27

РАШТ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти имсол доир гардид, ҳайати Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати ноҳияи Рашт  вохӯрии судманд баргузор намуд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ доданд.

Мақсади асосии ҷамъомад аз амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динӣ, дастурҳои роҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии ятимону бепарасторон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ, риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ иборат буд.

Иброз гардид, ки Сарвари давлат дар суханронияшон масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз баррасии дурусту мувофиқи онҳо тақдири имрӯзу ояндаи миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо вобастагии амиқ дорад.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳдидовари фазои динии мамлакат, ифротгароӣ ва терроризми динӣ, таълими ғайриқонунии динӣ, хурофот, таассуби динӣ, рафтори ғайриахлоқии муллоҳои фолбину ҷодугар, зиёдаравӣ дар риояи маросими ҳаҷ ва умра, бегонапарастии фарҳангию эътиқодӣ, муносибати нодуруст бо қонунҳои миллӣ ва дуршавӣ аз мазҳаби аҷдодии Имоми Аъзам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иштирокчиёни ҷамъомад иброз доштанд, ки мо вазифадорем фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба исрофкорӣ роҳ надиҳем, онҳоро соҳиби касбҳои гуногун карда, барои шукуфоии Ватан содиқона хизмат намоем.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Апрель 29, 2024 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд