Дар Рим Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Италия баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи апрел дар Рим Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Италия баргузор мегардад. Масъалаи омодагӣ ба форуми сармоягузорӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пинна дар Душанбе баррасӣ гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҳамзамон вазъи ҳамкории Тоҷикистон ва Италия дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ, табодули таҷриба дар самтҳои ҷалби ширкатҳои италиявӣ ба Тоҷикистон, баргузории чорабиниҳои минтақавӣ дар самтҳои тиҷоратӣ ва рушди долонҳои нақлиётӣ баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Италия барои муаррифии имконияти сармоягузории Тоҷикистон ба ширкатҳои италиявӣ ва ҷалби сармояи итолиёвӣ ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






