«ХОНАНДАИ СОЛ-2023». Абдураҳим Сангинов аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино Абдураҳим Сангинов дар даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2023» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ- хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шоҳинахон Қодирова, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилангез Қадамшозода, хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино Абдураҳим Сангинов, хонандаи синфи 10-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ Абдуҳалими Абдухалил иштирок намуданд.
Озмуни «Хонандаи сол-2023» 29-30 март дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гардида, дар рӯзи аввал корҳои тестӣ ва корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ гузаронида шуданд.
Дар рӯзи дуюми озмун қисмати саволу ҷавоб, маҳорати суханварӣ, намоиши корҳои эҷодӣ ва ҳисоботи эҷодии довталабони даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2023» баргузор гардид.
Ғолиби даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2023» дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд






