Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд

Апрель 26, 2024 19:19

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Некӣ бикор» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, чорабинӣ ба Соли маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе ва пешбурди энергетикаи «сабз» дар Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи он аз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои ҳифзи табиат, инчунин мушкилоти бемории саратон дар байни занон иборат буд.

Намоишгоҳи хайриявии гулҳо, ки соли дуюм аст баргузор мешавад, гулпарварон ва мутахассисони соҳаро бо имконияти фурӯши маҳсулот ва табодули таҷриба муттаҳид менамояд.

Дарсҳои маҳорат аз ҷониби гулпарварон ва флористҳои касбӣ гузаронида шуда, миқдори зиёди маҳсулоти марбут ба гулпарварӣ ва нигоҳубини растанӣ низ ба намоиш ва фурӯш пешниҳод карда шуд.

Дар доираи барномаи намоишгоҳ барои мактаббачагон озмуни расми кӯдакона- «Ман табиатро дӯст медорам», озмуни ҳунарҳои аз маводи партов сохташуда – «Сайёраро эҳтиёт кунед» ва видеоролик – «Сайёраи тоза» гузаронида шуд. Маблағҳои аз чорабинӣ ҷамъшуда ба лоиҳаҳои пешгирии саратон дар байни занони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мешаванд.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Апрель 26, 2024 19:19

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд