Оператори мобилии «Анор» дар соҳаи телекоммуникатсия мавқеи сазоворро ишғол менамояд

Апрель 11, 2024 11:14

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Назаррастарин стартап дар соҳаи телекоммуникатсияи мамлакат натиҷаҳои соли аввали фаъолияташро ҷамъбаст мекунад. «Анор» ба туфайли стратегияи «тарофаҳои дастрас бе ситораҳо», технологияҳои пешрафта ва фарогирии васеи шабака тавонист дар соҳаи телекоммуникатсия мавқеи сазоворро ишғол намояд — муштариёни оператор дар саросари ҷумҳурӣ дар алоқа мемонанд.

Тарофаҳои оператор танҳо хизматрасонии заруриро дар бар мегиранд ва ягон шарти пинҳонӣ надоранд, ки имкон медиҳад нархҳо дар сатҳи паст нигоҳ дошта шаванд, аз ҳама зиёд 50 сомонӣ дар як моҳ. Ҳамзамон муштариён метавонанд ҳатто дар роуминги байналмилалӣ занг зананд ва аз интернети мобилӣ истифода баранд.

Тарофаи махсуси «Анор» дар Суғд таҳия ва амалӣ гардид. Дар ин ҷо муштариёни нави ширкат зиёда аз панҷ моҳ тавонистанд тарофаи «Диёр 50»-ро бо тахфифи 50% пайваст намуда, давоми шаш моҳ танҳо ба маблағи ҳамагӣ 25 сомонӣ дар як моҳ аз хизматрасонии алоқа истифода баранд.

«Анор» дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, чунин навовариҳоро ба мисли VoLTE — технологияе, ки имкон медиҳад ҳамзамон аз интернет истифода бурд ва бе баромадан аз шабакаи баландсуръати 4G/LTE занг зад, инчунин eSIM — кортҳои электроние, ки муштариёни оператор метавонанд ба ҷои симкортҳои воқеии намунаи пештара истифода баранд, пешниҳод намуд.

Афзалияти оператори навро истифодабарандагони нисбатан фаъоли хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ қадр мекунанд. Синну соли миёнаи муштариёни «Анор» 33 сол аст. Қариб 70% ҳамаи муштариёнро мардон ташкил медиҳанд.

«Анор» иқтидори бренди худро феълан дар ибтидои фаъолияташ нишон дода, соли 2023 якчанд чорабинии васеъмиқёсро дастгирӣ намуд.

Директори амалиётии ширкати «Анор» Юрий Глушенко мегӯяд, ки «ҷорикунии санҷишии ширкат таҳти бренди «Анор» моҳи феврали соли 2023 баргузор гардид ва моҳи апрел мо пайвасткунии муштариёнро фаъолона оғоз кардем. «Анор» дар муддати кӯтоҳ бозингари намоёни бозори алоқа гардид. Донаи анор ба дарахти ҷавон, вале аллакай мустаҳкам табдил ёфтааст! Анор на танҳо меваи фоидабахш, балки рамзи серҳосилӣ низ мебошад. Дар анор ҳар як дона дар ҷои худ аст, мисли хизматрасониҳое, ки дар тарофаҳои мо мавҷуд мебошанд. Ва ранги кабуди логотип таҷассумгари созишу ҳамоҳангӣ ва неру аст. Дар консепсияи мо «Анор» ин ду рамз — анор ва ранги кабуд, навоварӣ, замонавӣ будан ва имкони гузаштан аз меъёрҳои муқаррарӣ, ки муайян намудани тамоюли навро муттаҳид мекунад. «Анор» падидаи рангину ҷавон дар бозори алоқаи Тоҷикистон аст».

Навоварона, дастрас, шинохташаванда, маъруф –бо ҳамин тарз «Анор» соли дуюми фаъолияташро оғоз мекунад!

АКС: ширкати «Анор»

Апрель 11, 2024 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад