Озмуну фестивали ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ва «Сад ранги чакан» ҷамъбаст мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» бо иштироки меҳмонони сатҳи баланди дохилу хориҷи мамлакат 18-19 апрел озмуну фестивали ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ва «Сад ранги чакан» -ро ҷамъбаст менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ 18 апрел, соати 08:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»- и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир мегардад.
Ҳамзамон 19 апрел, соати 18:00 дар Маҷмааи фарҳангии «Аҳорун» (Амфитеатр) даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 18 апрел дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар майдони «800- солагии Москва»- и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






