СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳуқуқдон» доир шуд

Апрель 2, 2024 12:02

ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба Соли маърифати ҳуқуқӣ (2024) дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон байни донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳуқуқдон» гузаронида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ. 

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода зимни ифтитоҳи озмун аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид.

Гуфта шуд, ки бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати донишгоҳ давра ба давра чор чорабинии илмии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор менамояд, ки ин озмун яке аз онҳо аст.

Барои таъмини шаффофият дар ҷамъбасти озмун тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқ аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи озмунӣ ташкил шуд.

Ғолибон ва иштирокдорони озмун аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва аъзои комиссияи озмун бо диплому ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.       

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Апрель 2, 2024 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд