ТАҚДИМИ «ШОҲНОМА» БА ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИКИСТОН. Ин пандномаи беназир аз ғояҳои ифтихори миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯстӣ саршор аст
ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ҳамагон иттилоъ дорем, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодонамон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми хонадони мамлакат дастрас карда шавад. Вобаста ба таҳия ва нашри китоб дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода гуфт, ки «пас аз он ки масъалаи чоп ва дастрас намудани матни комили «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳар хонадони ҷумҳурӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардид, Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи нахустини ҳайати гурӯҳи кории таҳияи нашри «Шоҳнома»-ро 18 декабри соли 2023 доир ва барои иҷрои ин дастури меҳанпарастона оғоз ба кор намуд.
Дар ҷаласаҳои баъдӣ тасмим гирифта шуд, ки гурӯҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони матншинос ва ихтисосмандон аз муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва донишгоҳҳои таълимии ҷумҳурӣ роҳҳои таҳияи матни нисбатан дурусту саҳеҳ ва мунаққаҳи ин асари безаволро муайян ва ба хонандагон пешниҳод намояд.
Қарор бар он шуд, ки мувофиқтарин ва муносибтарин матн аз ҳамаи чопҳои то ин замон суратгирифта ҳамоно матни таҳиянамудаи кормандони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳти сарварии академик Абдулғанӣ Мирзоев мебошад, ки бори нахуст солҳои 1962-1964 ва баъдан бо таҳриру иловаҳо солҳои 1989-1991 дар 9 ҷилд ба нашр расида, ахиран дар силсилаи «Ахтарони адаб» дар даҳ ҷилд дар таҳияи устодони фақид Камол Айнӣ, Баҳром Сирус, Зоҳир Аҳрорӣ ва таҳрири Мубашшири Акбарзод дар солҳои 2008-2010 таҷдиди чоп шудааст.
«Бартарии ин чоп дар он аст, ки дар он аз тамоми дастовардҳои матншиносии «Шоҳнома» то он замон истифода ва дар такмилу тасҳеҳи он аз матнҳои баъдан нашршуда ҳам кор гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин қарор шуд, ки таҳияи матни ҳозир дар муқоиса бо чопҳои илмии ин асар, бахусус чопи Москва, солҳои 1960-1971, чопҳои теҳронии Ҷалол Холиқии Мутлақ, Жул Мул ва Фаридуни Ҷунайдӣ анҷом дода шавад»,-афзуд Фарангис Шарифзода.
Дар ҷаласаҳои гурӯҳи кории таҳияи матни «Шоҳнома», ки 3 ва 5 апрел баргузор шуданд, шарҳу тавзеҳи вожагони «Шоҳнома» ва имлои онҳо, интихоби миниатюраҳо мувофиқ бар матни «Шоҳнома» баррасӣ шуданд. Дар ин ҷаласаҳо мутахассисони риштаи миниатюранигорӣ иштирок доштанд.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки дар конференсия, ки моҳи октябр дар Душанбе баргузор шуд, зимни суханони олимони ватанию хориҷӣ иброз гардид, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бузургтарин асари ҳамосавии мардумони эронинажод ва яке аз муҳимтарин осори адабии забони тоҷикӣ ва ҷаҳон мебошад.
Ба таъбири муҳаққиқон, «Шоҳнома» навниҳоле нест, ки мустақим аз замин рӯида ва дар фазо имтидод ёфта бошад, балки бо ҳаҷме наздик ба панҷоҳ ҳазор байт ба дарахти куҳансолу тановаре мемонад, ки чӣ дар фазо ва чӣ дар зери замин рӯише перомунӣ ва густарда дорад. Аз ин рӯ, гуфтугӯ ва баҳсу баррасиҳо дар атрофи «Шоҳнома» ба маънии пажуҳиши дақиқу комил кори ҳамешагии шоҳномапажуҳон буда, конференсияҳои ҳарсола, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» доир мегарданд, маҳз бо ҳадафи муайян ва мушаххас намудани таъсиру нуфузи ин шоҳасари адабии таърихи адабиёти мо дар густураи адабии ҷаҳон барпо мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гуфтаанд: ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид






