Тоҷикистон ва Кувайт дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдулло Алӣ Абдулло ал-Яҳё мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайтро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ карда, зарурати баргузории сафарҳои сатҳи олию баландро таъкид намуданд.
Дар ин замина омодагии ҳарду ҷониб барои баргузории чорабиниҳои муштараки дорои аҳамияти байналмилалӣ иброз гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонию минтақавӣ ва ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






