Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд

Апрель 16, 2024 10:58

ДУШАНБЕ, 16.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20-22 апрел дар шаҳри ҲонгконгиҶумҳурии Мардумии Чин «Аsian championships individuals 2024» (Чемпионати инфиродии Осиё — 2024) баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа 272 варзишгар аз 36 давлат иштирок менамоянд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар ҳайати 9 нафар — 8 мард ва 1 зан дар ин мусобиқа номнавис шудааст.

Аҳлия Муъминова дар вазни то 52кг, Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг, Комроншоҳи Устопириён ва Шодмон Ризоев, ҳарду дар вазни то 90кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё-2024 муаррифӣ менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 16, 2024 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад