«УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД…». Садриддин Айнӣ тамоми умри бобаракаташро барои ҳамчун миллати қадимӣ эътироф гардидани тоҷикон сарф намудааст

Апрель 15, 2024 10:03

ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аст. Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик Устод Айнӣ шахсияте аст, ки бо асарҳояш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст.

Хизматҳои Устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ӯ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Осори адабӣ ва илмии Садриддин Айнӣ дар куллиёти понздаҳҷилда гирд оварда шудааст.

Барои ҳар фарди бедордил мақом ва мартабаи Устод Айнӣ ва нақши беандозаи ӯ бисёр бузург мебошад. Устод Айнӣ тавонист, ки давоми фаъолият Тоҷикистон ва тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд ва дар таъсис ёфтани Тоҷикистон нақши бузург гузорад. Бешак, «Намунаи адабиёти тоҷик» шаҳодатномаи халқи тоҷик мебошад, ки тавассути ин асари безавол ва ниҳоят арзишманд  тоҷикон тавонистанд ҳастӣ ва ҳувияташонро ҳифз намуда, барои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ замина фароҳам оранд. Устод Садриддин Айнӣ ба сифати фарзанди хирадманду заковатпеша, фидокору қаҳрамон бо талошу муборизаҳояш дар шароити  давраи нави таърихӣ номи тоҷиконро вирди забон ва шуҳрати ҷаҳониён гардонид. Дар замони барои тоҷикон тақдирсози садаи 20 Устод Садриддин Айнӣ бо осори гаронбаҳояшон соҳиби аслӣ ва ҳақиқии Ватан будани тоҷиконро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври барҷаста собит намудааст.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди навсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ 6 ноябри соли 2017 иброз доштанд, ки «корномаи беназири устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст. Дар ин хусус худи Устод дар мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навишта буд: «Давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзуъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи мамлакати кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт».

Устод Айнӣ дар аввали асри ХХ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳояш аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард.

Устод Садриддин Айнӣ он солҳо беш аз дигарон дар мақолаҳои «Масъалаи тоҷикон», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Забони тоҷикӣ», «Дар атрофи забони тоҷикӣ» ба дифои ҳуқуқу ҳастии тоҷикон баромада, қадимӣ, таърихӣ ва бумӣ будани миллаташро исбот намуд. Ӯ ба муқобили иддае аз зиёиёни он рӯзҳо, ки забони тоҷикиро забони кӯҳна мепиндоштанд, баромада, ботил ва беасос будани чунин ақидаҳоро фош мекард ва таъкиду исбот менамуд, ки тоҷикон забони адабии оммафаҳми беш аз ҳазорсола доранд ва он то кунун на танҳо дар муҳити халқи тоҷик, балки дар байни ҳамаи форсизабонони дунё роиҷ мебошад.

Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт. Маҳз аз баракати озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи васеи хонандагон имкон пайдо намуданд, ки бо китоби басе арзишманди устод Айнӣ « Намунаи адабиёти тоҷик» шинос шаванд.

Бояд гуфт, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат, ки ба хотири истиқлолу озодии Ватан хизмати фидокорона намудаанд, ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии мо табдил ёфтааст.

Тавре шоир Бозор Собир навиштааст:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,
Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад.

Соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ  унвони аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 15, 2024 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид