35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Муъминобод 4 муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд мешаванд
МУЪМИНОБОД, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Муъминобод 4 муассисаи замонавӣ ва дар назди мактабҳо синфхонаҳои иловагӣ бо шароити зарурӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сариқтисодчии шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Дилшод Гиёев иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои хориҷӣ дар деҳаи Сангдара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 барои 240 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Шамсиддини Шоҳин сохтмони мактаб ва дар деҳаи Навбаҳор сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 дар арафаи анҷом қарор доранд. Дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Муъминобод сохтмони гимназия идома дорад.
Ҳоло дар ноҳияи Муъминобод 59 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 2 гимназия, 1 мактаб-интернат, 4 муассисаи томактабӣ ва 8 муассисаи асосӣ фаъолият менамоянд. Дар онҳо 22 ҳазору 506 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 1542 омӯзгори соҳибтахассус таълим медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






