РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ДЕҲОТ. «Қайнар» мавзеи таърихию фароғатии ноҳияи Восеъ маҳсуб мешавад

Май 12, 2024 15:59

ВОСЕЪ, 12.05.2024, /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди сайёҳӣ ва тараққӣ  бахшидани ин соҳаи басе муҳим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буданд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ  такони ҷиддӣ  бахшиданд.  Мавзеи таърихии овозадори «Ҳавзи Қайнар», ки дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ ҷойгир аст, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони маҳаллӣ  ба яке аз маконҳои хуби сайёҳӣ ва тамошобоби  ноҳия табдил гардидааст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин мавзеи таърихию сайёҳии мамлакат аз наздик шинос гардид, ки гузориши фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Ин манзараи зебо, ки дар дохилаш кӯли зебои пур аз оби мусаффо мавҷуд буда, атрофаш бо дарахтони сарсабзу хуррам ва гулҳои рангоранги зебо оро дода шудааст, ба ҳусни мавзеъ зебогию таровати дигар бахшидааст. Тибқи ривоёти сарчашмаҳо,  мавзеи кӯли Қайнар таърихи бою рангини ҳазорсола дорад.

Дарвоқеъ, ин макон дар гузашта як ҷойи нообод буд. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ҳоло он ба гӯшаи диданӣ  ва ҷойи ободу зебо табдил гаштааст. Мардуми деҳа шукргузорӣ  аз даврони соҳибистиқлолии мамлакат, хосса ғамхориҳои  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мекунанд, ки ин гӯшаи ноободеро, ки аз маркази ноҳияи Восеъ даҳҳо километр дур ҷойгир мебошад, дар кӯтоҳтарин муддат ба мавзеи зебою диданӣ табдил додаанд. Мардуми деҳа онро Нозкӯл низ меноманд. Ин мавзеи таърихӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ пурра навсозӣ  гардида, 4 октябри соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт.

Ҳоло ин мавзеъ ҷойи тамошобоби сокинону сайёҳон гардидааст. Тибқи маълумот, дар ҳудуди он беш аз 95 ҳазор дона гулҳои рангоранг ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, 16 нишастгоҳи замонавӣ  барои истироҳату фароғати  сокинону сайёҳон насб гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки чанде қабл дар ҷумҳурӣ  деҳаи Қайнари ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ғолиби номинаи «Деҳаи беҳтарин» дониста шуд, ки арзанда аст. Инчунин гулгашти кӯли «Қайнар» дар Фестивали вилоятии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар вилояти Хатлон соли 2023 дар номинаи «Гулгашт ва хиёбон» сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.

Мардуми деҳа ривоёти зиёдеро оид ба пайдоиш ва муъҷизаҳои он қисса мекунанд. Гӯё дар дохили кӯл аспи азимҷуссае, ки дар зебогӣ  назир надорад, ба сар мебарад. Ҳоло дар шафати кӯл мақбара (сағона) ҷойгир мебошад, ки ба асрҳои ду ва яки пеш аз мелод тааллуқ дорад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, маркази ҳокимони Хатлон дар давраи то исломӣ  ҳудуди имрӯзаи Қайнар будааст. Онро Сардиж (шакли имрӯзааш «Сартез») унвон карда буданд.

Яке аз сабабҳои дигари Қайнар ном гирифтани кӯлро сокинон ба  фаввора зада баромадани чашмаҳои дохили он, ки аз қаъри замин мебароянд, рабт медиҳанд.

Тавре дида мешавад, кӯл аз ҳисоби чашмаҳои дохилаш пур аз оби соф мебошад. Сокинони деҳа ин маконро ҷойи таърихию муқаддас шуморида, шомгоҳон дар ин мавзеъ бо аҳли хонавода сайру гашт намуда, истироҳат менамоянд.

Дар зер аз ин макон суратгузориш  манзур мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2024 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд