Ҷамолиддин Абдуллозода ва Чин Ван Фечнао доир ба коркарди гиёҳҳои шифобахш мубодилаи афкор намуданд

Май 29, 2024 10:06

ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 май зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Фенчао густариши ҳамкорӣ дар бахши тибби халқӣ, табодули таҷрибаи табибони ду мамлакат, гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи тиб, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иброз гардид, ки бештари мамлакатҳо аҳамияти тибби анъанавиро дар соҳаи тандурустӣ эътироф намуда, онро дар системаи миллии тандурустияшон муваффақона ҷорӣ мекунанд. Осиёи Марказӣ яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, дар он тиб яке аз ҷойҳои муҳимтаринро ишғол мекунад. Таърихи тибби тоҷик мисоли равшани он аст.

Гуфта шуд, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби халқӣ» қабул шудааст, ки он асосҳои ҳуқуқии фаъолияти самти тибби халқиро муайян мекунад.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2024 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд