Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд

Май 3, 2024 15:59

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб ва доғи рӯз буда, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ ва муқобилияти дастҷамъонаро талаб менамояд.  Ин нуктаро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар ҷамъомаде, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир бар зидди ин амали номатлуб бо иштироки масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ  доир гардид, иброз намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷамъомад таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», татбиқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ва «Нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2024» баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат паст кардани шиддати коррупсия буда, мубориза бо амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва коҳиш додани хатари коррупсия дар ҷомеа аз шаҳрвандон масъулияти зиёд талаб менамояд.

Дар самти иҷрои муқаррароти ин методология аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам кор бурда мешавад. Аз ҷумла, бо мақсади пурзӯр намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми бонкӣ ва танзими муносибатҳои соҳаи бонкӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳияву такмил ёфта, тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Методология аз ҷониби кормандон пайваста мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дошта, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар самти баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ минбаъд низ ба таври муассир ба роҳ монда мешаванд.

Иштирокдорон оид ба хавфҳои коррупсия, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дарки зарару оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти нангин, хавфи рух додани чунин ҳолатҳо дар низоми бонкӣ, талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, роҳ надодан ба чунин амалҳо ва  вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо мақсади аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионию ҳуқуқӣ ибрози назар намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 3, 2024 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст