Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ташкилоти олмонии «Art & Culture International» аз ҷониби роҳбарияти Кумита оид ба имконияти сайёҳӣ, таърих, фарҳанг ва нигораву бозёфтҳои нодиру қадимӣ, ки аз мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон ёфт шуда, ба ҷалби сайёҳон замина мегузоранд, маълумот дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Зимни суҳбат оид ба баргузории намоишгоҳҳои рассомони тоҷик дар Олмон ва рассомони олмонӣ дар Тоҷикистон, инчунин ташкили Намоишгоҳи байналмилалии рассомӣ дар шаҳри Душанбе ибрози назар карда шуд. Изҳор гардид, ки ташкили чунин чорабиниҳои сатҳи баланд ба ҷалби бештари гардишгардон мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки «Art & Culture International» ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, дар лоиҳаҳои санъат ва фарҳанг вобаста ба санъати тасвирӣ ва иҷроӣ, инчунин дар бахши мусиқӣ ҳам дар Олмон ва ҳам дар хориҷа иштирок менамояд. Ҳадафи он мусоидат ба табодули фарҳанги миллӣ ва байналмилалӣ, афкори байналмилалӣ байни рассомон, инчунин таблиғ ва нашри китобҳо мебошад.
Инчунин «Art & Culture International» вохӯриҳои рассомон ва меҳмонони миллатҳои гуногунро бо лоиҳаҳои гуногуни фарҳангӣ, аз қабили намоишгоҳҳо, сафарҳои консертӣ доир ва дастгирӣ намуда, бо роҳи табодули барномаҳои минтақавӣ ва байналмилалии фарҳангӣ ба муколамаи фарҳангҳо мусоидат мекунад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






