Дар Душанбе масъалаи амалӣ намудани лоиҳаи системаи зеҳнии нақлиёт баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахт вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода бо директори департаменти фурӯши хориҷии «Rexgen co LTD» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Зимни мулоқот ҷонибҳо амалӣ намудани лоиҳаи системаи зеҳнии нақлиётро матраҳ намуданд, ки ба баланд бардоштани самаранокии бехатарии роҳҳо ба ҳалли мушкилоти нақлиётии афзояндаи аҳолӣ ва татбиқи Стратегияи миллии рушди логистика ва марказҳои нақлиётӣ мусоидат мекунад.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба амалӣ намудани ин лоиҳа дар шаҳри Душанбе, ки ба рушди муассир ва устувори низоми нақлиёт мусоидат мекунад, гуфтугӯи судманд доир шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






