Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд

Май 24, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони саодатманди мамлакат имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ва муваффақияти калон ноил шуда, барои баланд бардоштани ному мақоми ҷумҳурии соҳибистиқлоламон талош меварзанд. Ин матлаб 23 май зимни баргузории ҳамоиши фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар «Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» доир шуд, баён гардид.

Иброз гардид, ки ҷавонони Тоҷикистон шарафу номуси ватандӯстӣ ва ормонҳои халқамонро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолият қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат боз ҳам бештар заҳмат мекашанд ва барои рушди устувори Ватани азизамон минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит барои насли ояндасозу ватанпараст барои зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё гардидааст. Таъсиси Стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, квотаи президентӣ барои таҳсили духтарону ҷавонони ноҳияҳои дурдаст дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳсили ҷавонон дар мактабҳои олии хориҷи мамлакат аз ҳисоби Фонди Президенти ҷумҳурӣ, ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва ба ин монанд номгӯи таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри фаъоли ҷомеаро метавон номбар намуд.

Дар ҳамоиш барномаи хотирмони фарҳангӣ бо суруду оҳангҳои ҷаззоб пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомони

Май 24, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад