Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид

Май 2, 2024 15:53

ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади огоҳии ҳарчи бештари ҷавонон аз таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани маърифати суханварии кормандон дар Осорхонаи миллии  Тоҷикистон маҳфили  илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи  методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ  дод.

Дар маҳфил доир ба мақому манзалати шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ва нақши он дар адабиёти оламшумули халқи тоҷик сухан гуфта шуд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки иқдоми шоиста ва наҷибе, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон амалӣ мешавад, ин аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нашр гардидани шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» мебошад.

Бояд гуфт, ки Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Дар маҳфили «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби ходимони илмии Осорхонаи миллӣ аз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ достонҳо бо маҳорати баланд қироат гардиданд.

Дар анҷоми маҳфили «Шоҳномахонӣ» роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ҳамагонро ба омӯзишу тарғиби ин шоҳасар ҳидоят намуданд.

Пешниҳод карда шуд, ки ба  ифтихори ҳифзи хотиpаи таъpихӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» чун анъана охири ҳар моҳ дар сатҳи баланд баргузор гардад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 2, 2024 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд