Дар Риёз Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ – C5 GCC» баргузор мешавад

Май 6, 2024 09:23

ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ-C5 GCC» охири моҳи май дар Риёз- пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Масъалаи омодагӣ ба баргузории Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ – C5 GCC» дар мулоқоти маҷозии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистонӣ Саудӣ баррасӣ гардид.

Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, таваҷҷуҳи ҷониби Саудӣ ба Тоҷикистон ва тақвияти муносибатҳои тиҷоратию сармоягузориро муҳокима намуданд. Ҷониби Саудӣ омодагиашро барои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятнок- энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ изҳор намуд.

Ҷониби вобаста ба лоиҳаҳое, ки дар айни замон аз ҷониби фондҳои Саудӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мегарданд, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Инчунин барои сармоягузории лоиҳаҳои нави афзалиятнок даъват ба амал оварда шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 6, 2024 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад